- ҷома
- I[جامه]либоси пахтаноки дарозиаш аз зону поён, ки аз рӯй мепӯшанд; ҷомаи абраастари кампахта, ҷомаи алоча, ҷомаи банорас, ҷомаи беқасаб, ҷомаи зеҳборик, ҷомаи серпахта, ҷомаи боронӣ ҷомаи обногузар, ки вақти борон мепӯшанд; ҷомаи хоб бистари хоб; ҷомаи корӣ корҷома, либоси корӣ; ҷомаи амал пӯшидан амалӣ гардидан, ба вуҷуд омадан, иҷро гардидан; ҷома пӯшондан ба касе ҳурмати касеро ба ҷо оварда ба вай ҷома инъом кардан; ҷома чаппа пӯшидан дар қаҳру ғазаб будан, оташин будан, якравӣ кардан; чанд ҷома пеш дарондан синну солаш калон будан аз касе, таҷрибааш бештар будан аз касе; ба гап ҷома пӯшондан гапдон будан, суханпардозӣ кардан; ҷомаи бомаслиҳат (буридашуда) кӯтоҳ намеояд (мақ); ҷомаи азо пӯшидан азо доштанII[جامه]кит. ҷом, қадаҳ; кӯза, кӯзаи шароб
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.